Бунгоҳи тиббӣ


ҲАЛИМОВА Ҳукумат Камоловна (тав. 28.12.1946, ноҳияи Ғончӣ), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1971). Корманди беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ (1971–75), духтури беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ (1975–2000), духтури тибби оилавӣ ва омӯзгори кафедраи терапияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз с. 2000). Духтури тахассусии дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бунгоҳи тиббӣ бахши табобатию пешгироии коллеҷ мебошад. Фаъолияти худро соли 1966 оғоз намудааст. То соли 1974 мудири он ҳамшираи тиб Мария Андреевна буд. Сипас вазифаи мудирӣ ба зим- маи духтур Ғуломҷонова Э. Ғ. гузошта шуд, ки ӯ дар ин вазифа то соли 2000 кор кардааст. Аз соли 2000 роҳбари бунгоҳи тиббӣ духтури бемо- риҳои дарунӣ Ҳалимова Ҳ. К. мебошад. Бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти за- рурӣ ҷиҳозонида шудааст. Ба донишҷӯёну омӯзгорон ёрии аввалияи тиббӣ мерасонад. Ҳамасола мутобиқи нақша ҳамаи донишҷӯён ва кор- мандони коллеҷро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. Дар ҳолати ошкор намудани амрози музмин ва сироятӣ беморон барои ташхису табобат ба марказҳои саломатӣ фиристода мешаванд. Соли таҳсили 2014–15 аз му- оинаи тиббӣ 1312 нафар донишҷӯёни бахши якум гузаронида шуданд. Бунгоҳи тиббӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» ҳамкории зич дорад. Ҳар сол духтарон – хатмкунандагони коллеҷ барои гирифтани билети ҳарбӣ дар марказ аз муоинаи тиббӣ мегуза- ранд. Робитаи бунгоҳи тиббӣ бо «Маркази назорати давлатии сани- тарӣ-эпидемиологӣ»-и шаҳрӣ низ қавӣ аст. Дар коллеҷ ҳар моҳ як маротиба корҳои гандзидоӣ гузаронида мешаванд. Ҳамаи кормандону донишҷӯёни коллеҷ аз муоинаи тиббӣ гузаронида ва натиҷаи он дар дафтарчаи шахсии тиббӣ сабт карда мешавад.