Таърихи коллеҷ


МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
"КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ"
ТАЪРИХ
 
Соли 2015 ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 80 сол пур мешавад. Таърихи ин макони илму маърифат ва касбу ҳунар аз соли 1935 оғоз мегардад. 25 августи соли 1935 бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Политехникуми тиббӣ таъсис ёфт, ки соли 1936 номи Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан Омӯзишгоҳи тиббиро гирифт. Солҳои аввал омӯзишгоҳ душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Мутахассисон – омӯзгорони маҳаллӣ намерасиданд, машғулиятҳо ба забони русӣ ва ба воситаи тарҷумонҳо гузаронида мешуданд, заминаи моддию техникии таълимгоҳ дар савияи паст қарор дошт. Қатъи назар аз ин, омӯзишгоҳ беш аз пеш рушду тараққӣ меёфт. Асосгузор ва аввалин директори омӯзашгоҳ А. В. Тихонович буд. Ӯ то соли 1939 роҳбарии омӯзишгоҳро бомуваффақият пеш бурда, дар ташкили бисёр сохторҳои таълимию тарбиявии он саҳми назаррас гузошт. Солҳои минбаъда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ мутахассисони варзида Ю. И. Додхоев, У. У. Умаров, Ф. А. Абдураҳмонов, М. Қ. Қаюмова, М. К. Отаева, А. Ҳ. Ҳакимҷонов, Б. Ш. Гадоев ва Ҳ. И. Ибодов роҳбарӣ намуданд. Феълан роҳбарии коллеҷро н.и.т. Ш. С. Ашуриён ба уҳда дорад. Соли 1937 хатмкардагони нахустин, ки 77 нафар буданд, соҳиби дипломи омӯзишгоҳ гашта, ҳамчун корманди касбии тиббӣ ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуданд. Солҳои минбаъда баробари тараққӣ ёфтани иқтисодиёти ҷумҳурӣ, раванди таълими донишҷӯён дар Омӯзишгоҳи тиббӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Омӯзишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, санитарию фелдшерӣ, фелдшер-лаборант, техники дандон, духтури дандон, ҳамшираи тиббии муолиҷавӣ ва ҳамшираи тиббии муассисаҳои муолиҷавию пешгироии бачагон мутахассисони миёнаи тиббӣ тайёр мекард. То солҳои 80-уми асри гузашта дар назди омӯзишгоҳ курсҳои такмили ихтисоси кормандони миёнаи тиб фаъолият доштанд. Дар Омӯзишгоҳи тиббӣ шаклҳои таълими шабона, ғоибона, инчунин филиалҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар назди беморхонаҳо ташкил ёфтанд. Ҳамин тавр, пояи моддиву техникии омӯзишгоҳ тадриҷан беҳтар шуда, барои донишҷӯён шароити хуби зисту таҳсил муҳайё мегашт. Аз соли 1970 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе барои дигар омӯзишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ заминаи таълимию моддӣ гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1999 №100 ва фармони Вазорати Тандурустии Ҷумҳурӣ аз 4 апрели соли 1999 №141 Омӯзишгоҳи тиббӣ ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд. Баъдан бо назардошти саҳми таълимгоҳ дар омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, сифати таълиму тарбия, расонидани ёрии амаливу методӣ ба дигар таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, корҳои назаррас оиди ба роҳ мондани таҳия, тарҷима ва нашри адабиёти таълимиву методӣ ва илмӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 №527 ва фармони Вазорати Тандурустӣ аз 6 январи соли 2007 №11 Коллеҷи тиббӣ номи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро гирифт. Соли 1988 таълимгоҳ барои хизматҳои шоён дар кори омода сохтани мутахассисони миёнаи тиб бо медали нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР қадр карда шуд. Ҳамчунин 2 нафар кормандони он бо медалҳои нуқраи намоишгоҳ ва 3 нафар бо шаҳодатномаи «Иштирокдори НКХХ-и СССР» сарфароз гаштанд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, хусусан дар 10–15 соли охир, дар коллеҷ таҳаввулоти бузургу назаррас ба вуқӯъ пайваст. Имрӯзҳо Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ калонтарин таълимгоҳи миёнаи тиббӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар он бештар аз 5500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Дар коллеҷ зиёда аз 250 нафар омӯзгорони асосӣ ва 30 нафар омӯзгорон аз ҳисоби ҳамшираҳои тиббӣ, ҳамчунин зиёда аз 50 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи кормандони асосӣ 3 нафар доктор ва 19 нафар номзадҳои илми тиб (аз онҳо 6 нафар ҳамкор), 1 нафар номзади илми фалсафа, 20 нафар Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР ва Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон, 50 нафар дорои тахассуси олии омӯзгорӣ, 40 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум ва 35 нафар дорои тахассуси дараҷаи дуюм мебошанд. Пояи моддию техникии таълимгоҳ ба маротиб устувор гаштааст. Аз соли 2010 дар коллеҷ як қисми имтиҳонҳои ҷорӣ, инчунин бештар аз 15 сол боз имтиҳонҳои қабул бо усули тестии барномавӣ (электронӣ) қабул карда мешаванд. Ҳамаи тестҳои имтиҳонӣ омода ва дар Маркази тестӣ-иттилотии коллеҷ ба барномаи электронӣ ворид карда шудаанд. Соли 2015 аввалин маротиба имтиҳонҳои дохилшавии довталабони коллеҷ дар Маркази Миллии тестии назди Президенти ҶТ баргузор гаштанд. Коллеҷ дорои зиёда аз 200 кабинету лабораторияҳои таълимии фаннӣ ва беш аз 10 толори лексионӣ мебошад, ки аксарияти онҳо бо маводди зарурӣ, асбобҳои аёнӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд. Дар коллеҷ Марказҳои таълимӣ-истеҳсолии «Дандонсозӣ», «Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ», «Дорусозӣ», «Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои доруӣ», «Тестӣ-иттилоотӣ», дорухонаи таълимӣ –истеҳсолӣ, Маркази таълимӣ-клиникии «Ҷарроҳия», китобхона бо қироатхона (барои 60 ҷойи нишаст, теъдоди китобҳо – 43212 нусха), китобхонаи электронӣ (барои 15 ҷойи нишаст), толору майдонҳои варзишӣ, 2 ошхона (барои 104 ҷойи нишаст), 2 нуқтаи тиббӣ, осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ дар дараи Харангон фаъолият менамоянд. Дар коллеҷ курсҳои кӯтоҳмуддати компютерӣ фаъолият доранд, ки онро бештар аз 60 нафар хатм намуда, соҳиби сертификат гардидаанд. Дар коллеҷ 3 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳ барои 422 ҷойи зист, 4 маркази таълимӣ, зиёда аз 10 лаборатория (микробиологӣ, дандонсозӣ, биокимиёӣ, услубҳои таҳқиқоти клиникии лабораторӣ, таҳқиқоти санитарӣ-гигиенӣ, техника ва таҷҳизоти тиббӣ ва ғ.), зиёда аз 200 кабинетҳои таълимӣ, зиёда аз 10 толори лексионӣ, 4 синфхонаи компютерӣ ва Маркази тестӣ-иттилоотӣ вуҷуд доранд. Дар коллеҷ 222 адад компютер мавҷуд аст, ки ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Коллеҷ ҳамчунин 3 синфхонаи лингафонӣ, 1 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ дорад. Соли 2015 дар назди бинои асосии таълимӣ бинои нави 3-ошёнаи таълимию маъмурӣ бо маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин сохтмони бинои таълимии нави 6–7-ошёнаи коллеҷ оғоз ва феълан 3 ошёнаи он ба итмом расонида шудааст. Дар коллеҷ ҳамчунин 4 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ фаъолият менамояд, ки барои омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ саҳми назаррас мегузоранд. Коллеҷ соли 2000 ба тарзи таълими кафедравӣ гузашт. Айни ҳол дар он 25 кафедраи гуногун мавҷуд аст, ки роҳбари бештари онҳо мутахассисони дорои унвонҳои илмӣ мебошанд: Ҷарроҳия, Фанҳои гуманитарӣ, Кори ҳамширагӣ, Фанҳои морфологӣ, Фанҳои тиббӣ-биологӣ, Забони русӣ, Забони тоҷикӣ, Забони англисӣ, Косметология, Тарбияи ҷисмонӣ, Тайёрии ҳарбӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Педиатрия, Бемориҳои сироятӣ, Момоӣ ва бемориҳои занона, Тибби оилавӣ, Стоматология, Техникаи тиббӣ, Гигиена, Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби шарқ, Технологияи дорусозӣ ва ташкили иқтисоди фарматсия, Терапия, Ёрии таъҷилӣ, Фармакология ва забони лотинӣ, Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ, Ташхиси лабораторӣ, Ташхис ва табобати нурӣ. Бисёр кафедраҳо дар омодасозӣ ва тарбияи кормандони миёнаи тиббӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд. Фаъолияти таълимгоҳ ба амалигардонии «Консепсияи таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гаштааст, равона карда шудааст. Дар коллеҷ тарзи таълими лексионӣ-семинарӣ ва лексионӣ-амалӣ ҷой дорад.