МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ПОЯИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚИИ
ТАЪЛИМГОҲ ВА ИҶРОИШИ ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ
БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМ ва И ҶТ ва ВТ ва ҲИА ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ аз 20.01.2016с., Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар ҷаласаи Шӯрои илмии Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуда, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши онҳо тартиб дода шуда, мунтазам кор бурда мешавад.
Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатнома (литсензия), ки аз тарафи комиссияи якҷояи иҷозатномадиҳии ВТ ва ҲИА ҶТ ва ВМ ва И ҶТ № 0000060, № бақайдгирии 2, аз 05.04.2017с.) соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст (шаҳодатномаи силсилаи МЗ № 0000013, аз16. 11. 2013с., №3) ва тибқи он фаъолият менамояд.
ПОЯИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ ВА ТАЪЛИМӢ-ЛАБОРАТОРӢ
Айни замон Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад:
- 3 бинои таълимӣ,
- 1 – хобгоҳ,
- 2 маркази таълимӣ-истеҳсоли доругӣ;
- 2 –маркази таълимӣ-табобатӣ (ҷарроҳӣ ва стоматологӣ),
- 1 – маркази таъмири техникаи тиббӣ,
- 4 – маркази дастамалҳои тиббии ҳамширагӣ;
- 1 – Маркази таълимӣ-ахборотии таълими фосилавӣ оид ба банақшагирии оила;
-10 ташхисгоҳҳои таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ);
- Зиёда аз 200 кабинетҳои таълимӣ,
- 10 толори лексионӣ,
- 3 – синфхонаи компютерӣ,
- 3 – синфхонаи лингофонӣ,
- 1 – майдончаи варзишӣ;
- 1 – толори варзишӣ;
- 1 – конфронсзал барои 300 нафар;
- 1 ошхона барои 80 кас;
Ҳамчунин сохтмони бинои нави замонавии Коллеҷ дар суроғаи кӯчаи Раҳмон Набиев – 248 идома дорад. То имрӯз зиёда аз 60% - и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, барои он маблаѓи 19 192 578 сарф карда шудааст.
Шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 343, принтерҳо 64, тахтаҳои электронӣ 18 ададро ташкил медиҳад. Компютерҳо дар китобхона, маркази таълимӣ-иттилоотии омӯзиши фосилавии банақшагирии оила, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои мудирони кафедраҳо ва декани факултаҳо бо интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз онҳо васеъ истифода менамоянд. Дар заминаи кафедраи “Тибби оилавӣ” бо дастгирии лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон” “Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ” ташкил карда шуд, ки бо муляжҳо ва таҷҳизоти муосир барои омӯзиши қабликлиникии донишҷӯён таъмин карда шудааст. Маблағи таҷҳизоти воридшуда аз ҳисоби лоиҳа 81 ҳазору 426 доллари амрикоӣ (691 ҳазору 193 сомонӣ) – ро ташкил медиҳад. Дар кафедра ва биноии асосии Коллеҷ барои ҷойгиркунонии таҷҳизоти марказ 6 ҳуҷра ҷудо карда шудааст, ки муляжҳо дар ин ҳуҷраҳо ҷойгир карда шудаанд.