САРДОРИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ
Абдусатори Абдуғафор (тав. 20.9.1976, ноҳияи Кӯлоб), номзади илмҳои тиб. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009). Аспиранти кафедраи Бемориҳои ҷарроҳияи №1 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1999–2004), муаллим (2004–05), мудири кафедраи тибби оилавӣ (2005–15), муовини директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз с. 2015). Оид ба ташхис, ҷарроҳӣ ва табобати решҳои шадиди меъда ва рӯдаи дувоздаҳа, тибби оилавӣ, кори ҳамширагӣ, ёрии паллиативӣ пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи 8 китобу 39 дастури таълимӣ. Ос.: Сестринское дело в семейной медицине. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Руководство по паллиатиативной помощи. Д., 2011 (ҳаммуаллиф); Кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ. Д., 2012; Кор бо оилаҳо. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Консепсияи ҳамшираи тибби оилавӣ. Д., 2013 (ҳаммуаллиф); Фармакология дар тибби оилавӣ. Д., 2014; Дастур оид ба ёрии паллиативӣ. Д., 2014. Моҳи апрели соли 2014 ташкил шуда, 8 нафар корманд дорад: Аслонова З. А. – сардори шуъба, Самадова З. Ҷ. – оморчӣ, Муъминов Б. – сармутахассис, Абдураҳмонова С. – лаборант, Мазабова Н. Н. – сардори шуъбаи назорати сифати таълим, Ғайбуллоева З. – сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таълим, Асоева С. – мутахассиси шуъбаи сифати таълим, Қодирова Х. – шахси масъул оид ба додани диплом. Ба уҳдаи сардори шуъбаи таълим вазифаҳои зерин гузошта шудаанд: барои бо сифат ва сари вақт татбиқ намудани Низомномаи шуъбаи таълим дар коллеҷ уҳдадор аст; вазифаҳоро дар шуъба тақсим намуда, иҷроиши онҳоро аз ҷониби кормандони шуъба назорат менамояд; назоратро баҳри иҷро намудани амру фармонҳо ва дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дахлдор таъмин менамояд; омодагии кафедраҳоро ба соли нави таҳсил тафтиш менамояд; иҷроиши директиваҳо (раҳнамоҳо), фармонҳо, дастурҳо ва фармоишҳои ташкилотҳои салоҳиятнок, қарорҳои Шӯрои илмӣ, ҷаласаи назди директор, Шӯрои илмӣ, фармонҳо ва супоришҳои директор ва муовини директор оид ба корҳои таълимро нисбат ба масъалаҳои ташкил ва таъмин намудани ҷараёни таълим назорат менамояд; якҷоя бо муовини директор оид ба корҳои таълим дар таҳия ва такмили нақшаҳои таълим ва сарбории омӯзгорӣ ширкат мекунад; ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиро барои шуъбаи таълим таълиф менамояд; ҳисоботи натиҷаҳои имтиҳонҳои ҷорӣ ва давлатиро таҳлил намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нақшаи чорабиниҳоро пешниҳод менамояд; дастрас намудан ва назорати омода сохтани дипломҳоро барои хатмкунандагон таъмин менамояд; нақшаю ҳисоботи кории шуъбаи таълимро тайёр менамояд; дар тафтиши фаъолияти кафедраҳо дар давраи ҳисоботӣ ширкат меварзад; корҳоеро, ки ба додани дубликати дипломҳо мансубанд, назорат мекунад; дар якҷоягӣ бо комиссия ҳисоботи кафедраҳоро дар бораи иҷро намудани сарбории таълимӣ, кори методӣ қабул менамояд; масъалаҳои марбут ба кори шуъбаи таълимро барои ҷаласаҳои назди директор ва Шӯрои илмӣ тайёр менамояд; дар тартиб додани ҷадвали машғулиятҳо, имтиҳонҳо, лоиҳаи фармонҳо, дастурамалҳо, тавсияҳо иштирок мекунад; ҷараёни гузариши имтиҳонҳои ҷорӣ ва давлатиро назорат менамояд; самаранок истифода бурдани ҳуҷраҳои таълимӣ, лабораторияҳо ва дигар иншоотҳои таълимро назорат намояд; барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар корҳои таълимӣ, коркарди пешниҳодҳои дарозмуддат барои такмил додани ҷараёни таълим мусоидат менамояд; сари вақт пешниҳод намудани ахбори зарурӣ ва маълумотҳои омориро ба директор, муовини директор оид ба корҳои таълим, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳо таъмин менамояд; иштирок намудан дар аттестатсияи ҷории донишҷӯён ва хатмкунандагони коллеҷ; ба мудирони шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон оид ба корҳои таълимӣ супоришҳо медиҳад ва иҷроиши онҳоро талаб менамояд; иҷроиши таълимиро назорат менамояд; дар мувофиқа бо муовини директор оид ба корҳои таълим барои ба нақшаи кории таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ тағйирот ворид менамояд; аъзои Шӯрои илмӣ коллеҷ буда, дар ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ, ҷаласаҳои шуъбаҳо, кафедраҳо ва комиссияҳои имтиҳонӣ иштирок менамояд; бо мақсади назорати риояи ҷараёни таълим аз ҷониби устодон ва донишҷӯён дар машғулиятҳо иштирок менамоянд. Оморчӣ: ҳисоботи донишҷӯёнро оид ба ҷинс, ҳайати миллӣ, авзои оилавӣ, ноҳияҳо таъмин менамояд; ҳисоботро аз рӯи формаи 2-НК ва барои идораи оморӣ, вазорати ВМ ва ИҶТ медиҳад; ҳисоботи натиҷаҳои сессияи имтиҳониро тартиб медиҳад; ҳисоботро дар бораи гардиши миқдори донишҷӯён дар санаи 5-уми ҳар моҳ ба шуъбаи молия ва муовини директор оид ба корҳои таълим пешниҳод менамояд; маълумотҳои омориро дар бораи тақсимот, қабул ва баромади донишҷӯён тартиб медиҳад; табели кормандони шуъбаи таълимро тартиб медиҳад; молҳои канселяриро барои шуъбаи таълим дархост менамояд; рӯйхатҳоро барои дипломҳо тайёр мекунад. Шуъбаи таълим ҷузъи асосии мустақили таркибии сохтори таълимии коллеҷ буда, идоракунандаю ҳамоҳангсози раванди таълим ва кори таълимию методӣ мебошад ва бевосита ба муовини директор оид ба таълим итоат мекунад. Роҳбарии фаъолияти шуъбаи таълим ба уҳдаи сардори шуъба аст. Сохтору ҳайати кормандони шуъба вобаста ба бастҳои вазифагӣ, раванди таълим таъсис дода шуда, аз ҷониби муовини директор оид ба таълим тасдиқ карда мешавад. Шуъбаи таълим дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва фармонҳои Вазорати тандурустӣ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои директори коллеҷ, қарорҳои Шӯрои илмии Коллеҷ ва низомнома фаъолият мекунад. Бо мақсади пурра ва сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар назди шуъбаи таълим гузошташуда, бо пешниҳоди сардори шуъба гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби кормандони шуъба ва шуъбаҳою сохторҳои дигари Коллеҷ, коллективҳои эҷодии муваққатӣ таъсис ва бо қарори директор ё муовини директор оид ба таълим тасдиқ карда мешавад. Дар таркиби сохтори шуъбаи таълим хадамоти диспетчерии амалкунанда вуҷуд дорад, ки зери роҳбарии сардори шуъбаи таълим кор мебарад. Нақшаи тақсимоти вазифаҳои хидматии кормандони шуъба ва гурӯҳҳои кории тобеи шуъбаро бо пешниҳоди сардори шуъба муовини директор оид ба таълим тасдиқ менамояд.