Татбиқи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»

18 АПРЕЛ 2020    849


Татбиқи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»

 

Бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорон шинос мебошанд. Дар маҷлиси садорати муассиса, маҷлиси Раисони ташкилотҳои ҷамъиятии омӯзгорон ва донишҷӯён, маҷлиси кафедраҳо ва дарсҳои  тарбиявӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта шуд. Бо иштироки омӯзгорон  ва донишҷӯёни муассиса 3 - маротиба дар факултаи кори табобатӣ ва кори ҳамширагӣ, як маротиба дар маҷлиси садорати муасиса, се маротиба дар маҷлиси кафедраҳо «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта шуд.

Инчунин дар санаи 9.04.2020 бо ташаббуси садорати муассиса маҷлиси падару модарон дар шуъбаҳои кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ ва кори момодоягӣ гузаронида шуд.

   

Рузномаи маҷлис:

  1. Дар амал татбиқ намудани Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Пешвоимиллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ.
  2. Ташкил намудани вохури бо падару модарон ва донишҷӯёну устодони муассиса оиди дар амал тадбиқ намудани «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд»

ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷумаев Ҷиёнхон

ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷумаев Ҷиёнхон

Доир ба ин масъала сараввал ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷумаев Ҷиёнхон баромад карда ҳамагонро бо Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Пешвоимиллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ шинос намуда қайд намуд, ин ва дигар пайёмҳо барои баланд бардоштани таълиму тарбияи ҷавонон ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Сипас доир ба  ин масъала ҳисоботи  Раиси Иттифоқи касаби донишҷӯён Раҳимов А, Раиси Созмони ҷавонони донишҷӯён Салимов Ҷ., ва Раиси Шӯрои духтарони муассиса Мирзоева З., шунида шуд. Ҳаммаи иштирокчиёни ҷаласа  қайд намуданд, ки барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои дар Пайём омадаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгардида   саҳми хешро мегузоранд.  Сипас доир ба ин масъала Ҷумаев Ҷ., баромад карда ҳамаи Раисони ташкилотҳои ҷамъиятии донишҷӯёнро вазифадор намуд, ки доир ба аҳамияти Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ҷоннок намоянд.

Доир ба ин масъала мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Гадоев Шералӣ, баромад карда ҳамагонро бо «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд» шинос намуда қайд намуд, ки ин қонун мувофиқи матлаб буда, дар баланд бардоштани таълиму тарбия ва паст намудани  сатҳи ҷинояткорӣ, ва бекорӣ байни ҷавонон саҳми назаррас дорад. Сипас доир ба бандҳои қонуни мазкур бори дигар ҳаммаи устодон ва иштирокчиёнро шинос намуда доир ба бандҳои алоҳидаи қонун маълумоти мушаххас дод.

Дар охири ҷаласа падрау модарони донишҷӯён оид ба риояи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд» - ро саривақти шуморида,  андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар охир Ҷумаев Ҷиёнхон   ҳаммаи Раисони ташкилотҳои ҷамъияти ва роҳбарони гурӯҳои таълмиро вазифадор намуданд, ки доир ба қонуни мазкур корҳои фаҳмонидадиҳиро ҷонок намоянд.

 

Ҷонишини директор оид ба тарбия:                    Ҷумаев Ҷ. Ф.