Факултети момодоягӣ


Факулта. Дар асоси Қарори Шӯрои Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон, аз 25 августи соли 1935 №1383, дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) Политехникум бо шуъбаи тайёрӣ ва дар назди он, дар қатори дигар шуъбаҳо, шуъбаи момодоягӣ таъсис дода шуд. Соли 1938 хатми якуми момодояҳо ба вуқӯъ пайваст, ки 5 нафарро ташкил медод. Солҳо сипарӣ мешуданд ва дар ҷумҳурӣ та- лабот ба мутахассисони миёнаи соҳаи тиб меафзуд. То соли 1996 муддати таҳсил дар факулта 2 солу 6 моҳ буд. Аз соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати таҳсил дар факулта 4 сол муқаррар карда шуд. Феълан алоҳида фаъолият менамояд. Сарварони факулта дар даврони истиқлол Ясинов Р. К., Мамадҷонова М. М., Садриддинова М. Д., Ғаниева Н. ва Зиятова С. Э. буданд. Дар тӯли фаъолияти шуъба 12134 нафар момодоя омода карда шудааст. Феълан теъдоди донишҷӯён дар факулта 1070 нафар аст. Фаъолияти факулта ба амалигардонии «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар ҶТ», Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва Оинномаи коллеҷ равона карда шудааст, ки мақсад аз он баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз он ҷумла момодояҳо мебошад. Мувофиқи нақша мунтазам рафти корҳои таълимӣ, дарсҳои назари- явӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯён таҳти назорат қарор доранд.

Сарвари факулта ва ёвари он дар машғулиятҳои омӯзгорон ва конфронсу маҳфилҳои илмӣ-фаннӣ ширкат намуда, онҳоро таҳлил менамоянд, баҳри беҳтар намудани сифати кор маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Сарвари факулта дар якҷоягӣ бо мудирони кафедраву ҳай- ати омӯзгорони онҳо, роҳбарони гурӯҳҳо, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, иттифоқи касабаи донишҷӯён озмунҳои «Момодояи беҳтарин», «Ҳамшираи беҳтарин», «Ҳафтаҳои фаннӣ», дарсҳои кушод, озмунҳои адабӣ-фарҳангӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии дохиликоллеҷӣ, шаҳрию ҷумҳуриявӣ ташкил мекунанд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 Спартакиадаи коллеҷҳои тиббӣ баргузор мегардад. Дар дастаи волейболи коллеҷ донишҷӯдухтарони факулта фаъолона иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ кӯшиш менамоянд. Волейболбоздухтарони факулта Хоҷаева Рухсора, Қурбонова Моҳира, Раҷабова Анора ва Аминова Маърифат фаъол мебошанд. Дар риштаи бозии баскетбол донишҷӯдухтарон Ҳурбии Исмоил, Нозимова Дилноза, Ҳомидова Умеда, Насруддинова Шарофат, Борумбекова Саврибегим фаъоланд. Соли 2014 донишҷӯи бахши 3-юми факулта Назарова Муниса дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмоти тезбозикунанда чемпиони ҷумҳурӣ ва сазовори медали тилло гардид. Соли 2015 дар Спартакиадаи IX коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ донишҷӯи курси 3-юми факулта Ҳасанова Нилуфар дар бозии тенниси рӯи миз сазовори ҷойи 2-юм гашт. Соли 2013 бо ташаб- буси роҳбарияти коллеҷ дастаи ҳаваскорони коллеҷ ташкил карда шуд. Дар он донишҷӯдухтарони факулта Юсупова Ёсуман, Бобоева Нигора, Қосимова Марҷона, Ҳакимова Умеда, Раҳимова Садбарг, Назарзода Мавҷуда ва дигарон дар ҳамаи чорабиниҳо ширкат менамоянд. Роҳбарияти коллеҷ тасими гирифтаанд, ки минбаъд фаъолияти факултаро боз ҳам беҳтар намуда, корҳои таълиму тарбиявиро вусъат диҳанд, сифати таълим ва омодасозии мутахассисони «Кори момодоягӣ»-ро тибқи стандартҳои давлатӣ ва ҷаҳонӣ ба роҳ монанд.