Факулта. Соли 1935 дар назди Политехникуми навтаъсис бо номи факултаи ҳамшираи тибби муолиҷавӣ ташкил карда шудааст. Баъдан факулта номи кори муолиҷавиро гирифт. Аз соли 2001 бо номи кори умумитиббӣ фаъолият дорад. Дар тӯли солҳои сипаригашта зиёда аз 10.000 нафар факултаи мазкурро хатм намуда, дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият мена- моянд. Ба хатмкунандагони факулта тахассуси ҳамшираи тибби ои- лавӣ дода мешавад. Барои тайёр намудани мутахассисон факулта бо кафедраи тиби оилавӣ ҳамкории зич дорад. Дар давраи соҳибистиқло- лии ҷумҳурӣ ба факулта Носиров С. Н., Мамадҷонова М. М., Ҳаитов А. Х., Хуррамов М. К., Акрамов Р. Б., Саидов С. О ва Қаюмов Ф. Ҷ. роҳбарӣ кардаанд. Теъдоди донишҷӯёни факулта 1051 нафар аст.
Фаъолияти факулта ба амалигардонии «Консепсияи ислоҳоти таҳ- силоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар ҶТ» ва Оинномаи коллеҷ равона карда шудааст. Мақсад аз он баланд бардоштани сифати омодасо- зии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз он ҷумла ҳамшираи тибби ои- лавӣ мебошад. Мувофиқи нақша мунтазам рафти корҳои таълимӣ, дарсҳои назариявӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯён таҳти назорат қа- рор доранд. Ҳамчунин декани факулта мунтазам дар машғулиятҳои муқаррарӣ ва кушоду намунавии омӯзгорони шуъба, конфронсу маҳфилҳои илмӣ-фаннӣ ширкат менамояд, баҳри беҳтар намудани сифати онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад. Декани факулта дар якҷо- ягӣ бо мудирони кафедраву ҳайати омӯзгорони онҳо, роҳбарони гурӯҳҳо, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, иттифоқи касабаи до- нишҷӯён озмунҳои «Ҳамшираи беҳтарин», «Ҳафтаҳои фаннӣ», дар- сҳои кушод, озмунҳои адабӣ-фарҳангӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии дохиликоллеҷӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байни коллеҷҳои тиббӣ ташкил менамоянд. Ғолибони олимпиадаи ҷумҳу- риявии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, аз фанҳои ихтисосӣ: Саидова Тозагул – соли 2011 (ҷойи 1), Ғуломова Мунаввара – соли 2013 (ҷойи 1), Давлатов Талабшо – соли 2015 (ҷойи 1) ва Ҳакимова Нуқра – соли 2015 (ҷойи 2). Донишҷӯёни факулта дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ низ бо комёбиҳои назаррас ва дастовардҳо ноил гардидаанд. Онҳо на танҳо аъзои дастаҳои варзишии коллеҷ мебошанд, балки ҳамчун уз- ви дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ дар бозиҳои волейбол низ ширкат меварзанд. Донишҷӯдухтарони факулта Шоҳнозаи Х., Вазирова З., Гиёева И., Машхулова М., Холова Г. дар ин намуди варзиш дар чан- дин мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ғолиб гардидаанд. Дар бозии футбол донишҷӯёни факулта Саидов С., Анваров С., Самадов С. ва дигарон дар Спартакиадаи донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ бозинга- рони беҳтарин дониста шудаанд. Соли 2013 байни шуъбаҳои коллеҷ озмуни маҳфили зарифон гузаронида шуд. Донишҷӯёни шуъба ҷои дуюмро сазовор гардиданд. Соли 2014 донишҷӯи факултаи кори умумитиббӣ Каримова Б. асбоби физикие ихтироъ кард, ки бо нерӯи офтоб кор мекунад. Онро метавон дар соҳаи тиб кор фармуд.